КОМИТЕТ НОВОСТИ СОБЫТИЯ ВЫГОДНЫЙ ТУРИЗМ КОНТАКТЫ
Официальный веб-сайт Государственного органа управления в сфере туризма Республики Таджикистан
Eng Рус
Новости
События
Галерея

Google

Приключение

Агар шумо хоҳиши гирифтани ҳиссаи андреналин ва хотирҳои фаромӯшнашавандаро  дошта бошед, ба саёҳати шигифтангези Помир равед. Зебогии ғайриоддии табиати Помир, меҳмондӯстии одамони маҳаллӣ дар ҳар замон таассуроти фаромӯшнавандаеро ба вуҷуд меорад. Дар байни диёрҳои зеботарини ҷаҳон Помир мавқеи махсусро ишғол мекунад. Аксар вақт ин аз дастнорасӣ ва пурасрории Помир ба вуҷуд меояд.

Шумо ба Помири Шарқӣ рафтаниед? Пеши назар кӯҳистони ба чор километр баландӣ қомат афрохта мерасад, ки қуллаҳояш то 6-7 ҳазор метр мерасад ва сабзае дар он ҷойҳо намерӯяд. Барои ин қисми Помир одатан ҳаво беоб аст, ки ба ноҳияҳои Қароқум монандӣ дорад. Шамолҳояш хунуки беист мевазадаанд, ки бисёр вақт қуввааш ба қувваи тӯфон баробар мешавад. Ҷунбиши ҳарорати ҳаво то 40 дараҷа расида метавонад. Ҳангоми тобистон рӯзона офтоб пӯстро месӯзонад, аммо дар ҳамин ҳол дар соя ҳаво хунук аст. Шабона бошад, ҳаво то 15 дараҷа хунук мешавад. Дарёчаҳои рӯзона бозӣ мекарда, шабҳангом ба ях мубаддал мешаванд. Дар айни тобистон ин ҷо метавонад тӯфони барфӣ шуда гузарад. Оташ дар ин мулк хеле бад дар мегирад, об бошад, дар дараҷаи аз сад хеле паст ба ҷӯшиш медарояд. Ҳар як қадам, бо сабаби тунук будани ҳаво, душвор аст. Дар ҳар шасе, ки ба ин ҷойҳо меояд, аз ҷумла бошандагони маҳаллӣ, зуд аломатҳои касалии кӯҳиро пайдо мекунад. Иқлими ин ҷо арктикии сахт мебошад. Аҳолии маҳаллӣ (асосан қирғизҳои кӯчманчӣ) бо чорводрӣ машғуланд – хашгавҳо, ки пашми дарози сиёҳ доранд. Инчунин яке аз шуғли онҳо шикори барраҳои кӯҳӣ – архарҳои мебошад. Архар рамзи Помири Шарқи буда, шохаш аломати он аст. Тоҷи пешвоёни скифҳо ва шоҳони форс бо шохи барра зеб дода мешуд, ки ин маънои фанонопазирӣ ва илоҳӣ буданро дошт. Рӯзҳои тантанавӣ онро Искандари Макдунӣ болои сар мекард, ки бо ин сабаб ӯро Шохдор номиданд. Онҳо рамзи робита бо дунёи болоӣ мебошанд, яъне дар атрофи худ фазои муқаддасро пайдо мекунанд. Ду шохи аз як асос мебаромада маънои решаи ҷаҳонро дорад – Дарахти Ҳаёт; чӯби шохдор ба маънои Сутуни Ҷаҳонӣ, Меҳвари Дунёро меояд. Шохҳо дар ин ҷо рамзи осмон – маркази хушоҳангиву низоми ҷаҳонӣ мебошанд.

Бо бедоршавии офтоб архарҳо ба пастхами ва ҷазираҳои кушодаи байни кӯҳҳо ба чаридан мебароянд. То нисфирӯзӣ, архарҳо беист чарида, ба нишебиҳои кӯҳҳо – ҷойҳои истироҳати рӯзона мебароянд.

Барои шикори ин ҳайвонҳои зебо иҷозати махсус (литсензия) лозим аст. Ба ҳар як шикорчии барои шикори барраи кӯҳии Марко Поло омада роҳбалади шикорчии ботаҷриба ҷудо карда мешавад. Дар болои асп нишаста, метавонед архарро дар масофаи 200-300 метр пайгирӣ кунед. Шикор дар Помир ҳамеша маъноӣ зиёде дошт. Ин фаъолият муқаддас буда, ба қурбонӣ баробар мешавад. Аксар вақт бузҳои кӯҳӣ ва барраҳои кӯҳӣ шикор мешаванд. Онҳо ҳайвонҳои тоза ҳисоб мешаванд, чунки мувофиқи мавҳумот, онҳоро арвоҳҳои кӯҳҳо париҳо мепоянд. Ҳар шахсе, ки гӯшти онҳоро мехӯрад, то 40 шабонарӯз аз дилхоҳ ҳаромӣ тоза мешавад.

Дар муқоиса бо Помири Шарқӣ, Помири Ғарбӣ ба кас биҳишт менамояд. Зимистони ин ҷо мулоим, тобистонаш гарми нотафсон аст. Дараҳои амиқ, водиҳои паҳни дарёдор бо дарахтҳои хуч ва ангат, дарахтҳои баланду саҳроҳои сабз таассуроти шигифтангезе мемонанд. Аз даврони қадим дар ин ҷойҳо шикорчиён, ҷамъкунандагон ва деҳқонон зиндагонӣ мекарданд, ки авлодони онҳо то имрӯз дар заминҳои хурди кӯҳӣ бо кишту кор машғуланд. Қариб ҳамаи бошандагони Помир мусиқинавозону шунавандаҳои хуби дорои шунавоии мусиқӣ мебошанд. Дар ҳар як хонадони Помир якчанд асбоби мусиқӣ ёфт мешавад: рубоб, танбур, сетор, ғиҷак, най, доира, ки онҳо барои соҳибонашон як чизи муқаддас мебошанд. Ҳангоми ягон офати табиӣ аввал ҳамин асбобҳои мусиқиро наҷот медиҳанд. Аксарияти асбобҳои мусиқии помириҳо боэҳтиёт маҳфуз нигоҳ дошта шуда, аз падарон ба фарзандон ҳамчун муқаддасоти оилавӣ мегузарад. Асбобҳоро аз решаҳои дарахтони пир месозанд. Ҳисоб карда мешавад, ки ҳарчанде дарахт пир бошад, ҳамон қадар асбоб садои тозаи форам медиҳад. Асбобҳои беҳтарин аз решаи дарахти зардолу мешаванд. Онро баҳорон, ҳангоми гул карданаш арра мекунанд, барои рӯйпӯши чарминаш барраи навзодро сар аз тан ҷудо мекунанд. Мегӯянд, ки садои рубоб, дӯстдоштатарин асбоби мусиқӣ дар Помир, ин садои гиряи дарахт ва барраи навзод, ки ҳангоми беҳтарин замони умрашон кушта шуданд, мебошад.

Аз даврони қадим замине мисли Помир аз шумораи маъданҳо, конҳои сангҳои қимматбаҳо ва тилло бой нест. Аз замонҳои пешин аз ин ҷо ганҷҳои бебаҳоро мебурданд: ақиқи сурх, ёқути сурх, лаъл, нилум, забарҷад, турмалин, зумуррад. Онҳоро ба Бобулистон, Форс, Ҳиндустон, Хитой, Афғонистон, Бухоро равон мекарданд. Аммо аз ҳама санги шӯҳратёфта лаъли Бадахшон, ки беҳтарин дар ҷаҳон аст, мебошад. мувофиқи ривоят сарпӯши Мономах бо лаъли Бадахшон зеб дода шуда буд, Дуто лаъли маъруфи Лаъли Шоҳзодаи сиёҳ ва лаъли Темур ба тоҷи Бритониё монда шудааст. Байни мағорҳои зиёди табиӣ, мағорҳое, ки ба он одам пой нагузштааст, зиёданд. Бо онҳо ривоятҳои бисёреро дар бораи ганҷинаҳои қадима, ганҷҳои Искандари Макдунӣ ва асрорҳои сайёҳони қадима пайванд мекунанд.

Дар атрофи маҳаллаи Ишкошим тасвирҳои ҳайратангези рӯисангӣ мавҷуданд, ки аксари онҳо дар баландии 3200–3300 м. аз сатҳи об воқеанд. 30 км дуртар аз Хоруғ, дар охири дараи кӯҳӣ ноҳияи Вибист-Дара мавқеъ аст, ки маҷмааи бойи петроглифҳоро дорад. Дар ин ҷо чор гурӯҳи тасвирҳои рӯисангӣ ёфт шудаанд. Бар хилофи тасвирҳои рӯисангии дигари Помир, ки тасвири асосиашон шикор аст петроглифҳои Вибист-Дара ба одаму нақшу нигор бахшида шудаанд. Инчунин петроглифҳои зиёде назди шаҳри қадимаи конканҳо Бозор-Дара дар Помири Шарқӣ ёфт шудаанд. Дар ин ҷо  расмҳои аробаҳои дучарха бо аспон, бузҳои кӯҳӣ, камонвари дорои сарпӯши нӯгтез кашида шудаанд. Ба ин маркази якҷояшавии тамаддунҳо ва фарҳангҳои қадима, ки дар хотираи авлодони мардуми пешин мондааст, саёҳат кунед.

© 2010 Комитет по делам молодежи, спорта и туризма при правительстве Республики Таджикистан
Таджикистан, Душанбе, ул. Спортивная 6, 734025 E-mail: info@visittajikistan.tj , www.visittajikistan.tj
Разработано в Промоушн